«БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ озмун доир мешавад

Октябрь 1, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 01.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1-2 ноябр бахшида ба  Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсад аз гузаронидани озмун баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, худшиносии ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён, тарбия намудани малакаҳои идоракунӣ дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён, донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда барои донишҷӯён ва риояи иҷрои онҳо, ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи амният ва ободии Ватан мебошад.

Озмун бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ баргузор гардида, ғолибони он бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд