ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи чоруми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд

Октябрь 5, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/.  5 октябр- дар рӯзи чоруми  нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн: -78 кг байни духтарон ва -100 кг, +100 кг байни писарон баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо.

Аз Тоҷикистон имрӯз дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок менамоянд. Инҳо — Парвиз Абдураҳмонов ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +100 кг ва Виктория Киселева дар вазни +78 кг мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 2 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ  (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Дар се рӯзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгарони тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра ва Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 5, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад