ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Дар рӯзи чоруми мусобиқа қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр- дар рӯзи чоруми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн: -78 кг байни духтарон ва -100 кг, +100 кг байни писарон баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо.
Аз Тоҷикистон имрӯз дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок менамоянд. Инҳо — Парвиз Абдураҳмонов ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +100 кг ва Виктория Киселева дар вазни +78 кг мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 2 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.
Дар се рӯзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгарони тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра ва Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд






