ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқа муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр, дар рӯзи дуюми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн: -57, -63 кг байни духтарон ва -73 кг байни писарон баргузор гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 5 варзишгар рақобат намуданд, ки аз байни онҳо танҳо Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг сазовори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон гардид.
Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон -2024
Рӯзи 2-юм
Вазни -57 кг
Рико Ҳонда (Ҷопон)
2.Ююнг Тао (чин)
3.Бианса Рейс (Бразилия)
3.Каролина Сиенника (Полша)
Вазни -63 кг
1.Мелкиа Аучекорне (Франсия)
2.Руссо Савита (Италия)
3.Анна Скалса (Чехия)
3.Со Моричика (Ҷопон)
Вазни -73 кг
1.Кейто Хира (Ҷопон)
2.Юсуке Текейчи
3.Муҳиддин Асадуллоев (ТОҶИКИСТОН)
3.Мардон Равшанов (Узбекистон)
Ёдовар мешавем, ки 2 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.
Дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра гардид.
АКС: ТВ Варзиш











Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






