ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Он ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст. Чунин ибрози назар намудааст сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Некруз Қудратзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Дар зер андешаҳои муаллиф пешниҳод мегарданд.
— Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид метавонад дар барқарор намудани сулҳ дар рӯи Замин нақши муассир дошта бошад, зеро таҷрибаи сулҳи м, тоҷикон беназир ва беҳамто аст ва он метавонад ҳамчун модели таҷрибашаванда барои ҳалли оқилонаи ҷангҳои шаҳрвандӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ ва муноқишаҳои байнидавлатӣ хизмат намояд.
Зеро сулҳ ва зиндагии осоишта аз қадимтарин ормонҳои башарият ба шумор рафта, аз замони пайдоиши ҷомеаҳои инсонӣ мубориза барои таъмини сулҳ ва пешгирии низоъҳо ба яке аз масъалаҳои марказӣ табдил ёфтааст. Ҷангҳои байни давлатҳо, низоъҳои дохилӣ, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ, ҷосусӣ, таҷовуз ба истиқлолияти давлатӣ, тамомият ва дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, бо роҳи зӯроварӣ ғасб ва нигоҳ доштани ҳокимияти давлатӣ, терроризм, экстремизм, қоҷоқи силоҳ ва маводи мухаддир аз ҷиноятҳое мебошанд, ки ҳамасола 4,5-5 миллион қурбониву талафоти ҷониро дар байни аҳолии осоишта дар пай дошта, таҳдиди асосӣ ба сулҳ ва зиндагии осоиштаи башарият ба ҳисоб мераванд. Ояндаи инсоният дар шароити афзояндаи ин таҳдидҳои глобалӣ ба ҳифзи сулҳ ва рушди устувори муносибатҳои ҷаҳонӣ сахт вобаста аст.
Дар бистсолаи охир дар ҷаҳон зиёда 28 ҷанги шаҳрвандӣ, амалиёти ҷангӣ, ҷангҳои байнидавлатӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ рух дода, баъзеашон даҳсолаҳо ва то имрӯз давом ёфта истодаанд.
Стивен Ҳокинг, яке аз физикҳои машҳур чанд даҳсола пеш гуфта буд, ки се омил метавонад боиси нобудии башарият ва дигар мавҷудоти зинда гардад: аввал, мавҷудияти вирусҳо, ки аз назорати одамон берун мешаванд. Дар ҳақиқат, тавре мо шоҳиди ҳол будем, дар оғози соли 2020 ҷаҳон ба буҳрони шадид, яъне паҳншавии беморие бо номи коронавирус (COVID 19) гирифтор гардид, ки сари вақт наандешидани тадбирҳои дахлдор метавонист қисми зиёди аҳолии ҷаҳонро нобуд созад. Дар натиҷаи ин вабои аср мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 7 054 891 нафар ҷони худро аз даст доданд. Маҳз иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дастгирии якдигар буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонист пеши роҳи ин вабои асрро гирад.
Дуюм, бархӯрди метеоритҳо бо Замин ба мисли 65 миллион сол пеш, ки дар халиҷи Мексика рух дод ва боиси нобудшавии 99% мавҷудот гардида буд.
Сеюм сабаби нобудшавии навбатии башарият ҷанги ҳастаӣ мебошад. Агар дар рӯи Замин панҷ нестшавии тамаддунҳо ҷой дошт ва сабаби асосии он худи табиат буд, аммо ба ақидаи бисёре аз олимон, нестшавии шашум метавонад бо дасти бевоситаи худи инсон рух диҳад.
Алберт Эйнштейн низ гуфта буд, ки «ман намедонам, ки кадом яроқ дар ҷанги сеюми ҷаҳон истифода бурда мешавад, лекин ҷанги чоруми ҷаҳон бо чӯбу санг оғоз мегардад». Алберт Эйнштейн дар ин гуфтори худ истифодаи яроқи қатли омро дар назар дорад, ки истифодаи он метавонад башариятро аз байн барад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сулҳпарвар, сулҳхоҳ, сулҳофар, сулҳҷӯ, сулҳдӯст ва адолатхоҳ хатари истифодаи ин яроқи қатли омро дарк намуда, чандин маротиба дар баромадҳои худ аз таҳдиди истифодаи ин яроқ ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданд. Масалан, Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш (01.09.2024) изҳор доштанд, ки «кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд”.
Инчунин дар мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии миллии иттилоотии «Ховар» ба муносибати 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай (15.06.2021) чунин таъкид гардида буд: «Дар соҳаи таъмини амният ва суботи минтақавӣ, илова бар мубориза бо терроризм инчунин мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, маводи ҳастаӣ, ҷинояткории фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон зикр шудаанд».
23 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Пешгирии низоъҳо, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва тарғиби фарҳанги гуфтугӯ низ аз омилҳои муҳими таъмини сулҳ барои наслҳои оянда мебошанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳамкории давлатҳо дар соҳаи дипломатия, ҳалли осоиштаи низоъҳо ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид нақши бузург мебозад.
Пешниҳоди Пешвои миллат амали саривақтӣ мебошад, зеро дар ҳақиқат насли оянда ба сулҳ ниёз дорад, то зиндагии озоду осоишта дошта бошад. Сулҳ на танҳо як ҳолати муваққатӣ, балки раванде аст, ки онро бояд тавассути саъю кӯшиши муштарак ҳифз ва таҳким бахшид. Дар заминаи сулҳ наслҳои оянда метавонанд дар ҷаҳоне зиндагӣ кунанд, ки дар он ормонҳои инсоният амалӣ мегарданд. Ҳар ҷанг як ба ҳалқае шабоҳат дорад, ки ба занҷири бадбахтии инсоният зам мешавад ва ба пешрафти инсоният халал мерасонад.
Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон маҳз дар Созмони Милали Муттаҳид ва қабули қатъномаи махсус маънои онро дорад, ки як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти кунуниро, яъне барқарор намудани сулҳ дар рӯи Заминро ҳал кунад. Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷомеаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз аз якдигар пароканда гашта, ба чолишҳои бунёдии ҷаҳонӣ рӯбарӯ мешавад. Ин ҳолат ташвишовар буда, боиси пайдо гардидани муноқишаҳо, ҷангҳо, низоъҳо, нобоварӣ ва тафриқандозӣ дар байни башарият мегардад. Танҳо бо густариши фарҳанги сулҳ ҳамкорӣ байни кишварҳо ва минтақаҳо метавонад ба таври назаррас беҳтар гардад. Фарҳанги сулҳ муносибатҳои дипломатиро тақвият мебахшад, ки боиси пешгирии ҷангҳо ва таъмини амнияти умумӣ мешавад.
Мо боварии комил дорем, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сулҳпарвар, сулҳхоҳ, сулҳофар, сулҳҷӯ ва сулҳдӯст аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуда, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус дар бораи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ қабул карда мешавад. Зеро шуруъ аз соли 2000 бо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксарияти давлатҳои ҷаҳон 5 қарордоди муҳим қабул гардид, ки чунинанд:
- Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза;
- Солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»;
- Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;
- Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»;
- Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Ҳамин тавр, таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда вазифаи ҳаётан муҳим аст, ки на танҳо кафолати амнияти инсониятро таъмин мекунад, балки заминаҳои мусоидро барои рушду шукуфоии онҳо фароҳам меорад. Ба воситаи сулҳи пойдор метавон ба наслҳои оянда муҳити орому осоишта ва шароити зиндагии арзандаву босубот ба мерос гузошт. Таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда заминае аст, ки наслҳои оянда метавонанд дар фазои орому осуда, бе нигаронӣ аз ҷангҳо ва низоъҳо ба таҳсил, кашфиёт ва тараққиёти илмӣ машғул шаванд. Сулҳи пойдор метавонад ба таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ, рушди иқтисодиёт ва ҳалли мушкилоти глобалӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим ва камбизоатӣ мусоидат намояд.
Некруз ҚУДРАТЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
АКС аз бойгонӣ