Дар 11 дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии ноҳияи Рӯшон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ баргузор шуд

Октябрь 7, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 07.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ дар 11 дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии ноҳияи Рӯшон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ хабар доданд.

Зимни суҳбат бо хизматчиён сардори Саридора аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ёдовар гардида, таъкид намуд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ фароҳам овард. Ин аст, ки Тоҷикистон дар тамоми самтҳо ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, сатҳи зиндагии мардум пайваста боло бардошта мешавад.

Зимни вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ ба афсарону сарбозон ва ҷавонмардони далери Ватан, ки дар ин минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ баҳри дифои марзу буми Ватан хизмат менамоянд, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои артиши пурқудрат буда, хизмат дар он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди комил ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳз сарбозон ва афсарони содиқи Ватан обутоб ёфта, барои ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ омода мешаванд.

Дар идома барои болидахотирии афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ — фароғатии омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия тақдим карда шуд.

АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 7, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид