Дар Агентии «Тоҷикстандарт» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 2, 2024 17:51

ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Забони ноби тоҷикӣ барои миллат сарвати гаронбаҳое аст, ки давоми таърих қадру манзалати худро гум накардааст. Чунин таъкид гардид имрӯз зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт», ки бо мақсади гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ доир шуд.

Миллати тоҷик  маҳз тавассути маҳфуз мондани забон шинохта шуда, арзишҳои фарҳангиву миллии худро то имрӯз нигоҳ доштааст.

Иштирокдорони  ҳамоиш иброз доштанд, ки рушди забони давлатӣ дар замони муосир бо инобати   таҳаввулоти ҷаҳон вазифаи муҳимтарини на танҳо  давлат, балки ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва  риояи  меъёрҳои он барои густариши балоғат ва фасоҳати забон тамоми шароитро фароҳам месозад, сохтори онро такмил дода, инкишофи бонизомро  таъмин  менамояд.

Забони давлатӣ ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва шинохти миллат дар байни халқу миллатҳои дигари олам аз ҷониби тоҷикон бояд бо ҳисси баланди миллӣ ҳифз карда шавад. Имрӯз ҳар яки мо масъулем, ки забони тоҷикиро бо салосату фасоҳаташ ба насли фардо расонем.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Октябрь 2, 2024 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад