Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и Ашт зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и ноҳияи Ашт зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ, ба монанди амури сафед, пешонапаҳн ва зағорамоҳӣ парвариш меёбанд, ки ин тадбир иқдоми муҳим дар самти амалишавии «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Давоми солҳои 2019-2023 дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» 1 ҳазору 200 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст. Дар соли равон бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар ин хоҷагӣ ба 600 тонна расонида мешавад.
Ҳамзамон ин тадбир ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад.
Хоҷагидорони ҷамъият бо мақсади рушди соҳа ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ дар ин мавзеъ бори аввал моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ парвариш менамоянд. Бо чунин тарз парвариш намудани моҳӣ ба хоҷагидорон манфиати бештар меорад, зеро дар як гектар ҳавзи суперинтенсивӣ имкони парвариши зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзи муқаррарӣ дар ҳамин масоҳат метавон ҳамагӣ 2,5 ҳазор моҳӣ парвариш намуд.
Масоҳати умумии ҳавзҳои суперинтенсивии хоҷагии моҳипарварии «Рахшона» 10 гектар аст. Ҳоло дар ин масоҳат бештар аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад ва интизор меравад, ки натиҷаи хуб ба бор орад.
Даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» ба ғайр аз моҳипарварӣ парвариши мурғобӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст.
Тибқи низоми содакардаи андозбандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда аз пардохти андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, арзиши иловашуда аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудаанд. Ҳадаф аз ин иқдом ба таври шоиста парвариш намудани моҳӣ, рушди соҳа ва бештар ҷалби намудани соҳибкорон ба моҳипарварӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст
«Тоҷикстандарт»: аз харидани об ва нӯшокиҳое, ки зери таъсири нурҳои Офтоб қарор доранд, худдорӣ намоед!
«Shohin Airlines» бо «Airbus» барои харидани чор ҳавопаймои силсилаи A320neo созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид






