Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад

Октябрь 14, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии боз 72 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён доштанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят 276 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 360 миллион сомонӣ бунёд шуда, 906 муассиса ба маблағи 120 миллион сомонӣ таъмиру барқарор гардидааст. Танҳо дар доираи нақшаи бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят ба маблағи беш аз 216 миллион сомонӣ 58 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар дуюним соли охир барои сохтмон ва таъмиру навсозии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят беш аз 49 миллион сомонӣ, аз ҷумла 31 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ сол аз сол афзоиш ёфта, соли 2024 ба 140 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 25 фоиз зиёд мебошад.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин муассисаҳо ба маблағи 103 миллион сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд. Муассисаҳои тандурустии вилоят бо 60 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин мебошанд. Танҳо дар се соли охир барои онҳо 14 воситаи нақлиёти тиббии ҳозиразамон харидорӣ ва дастрас карда шуд», — иброз намуданд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон афзуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии мамлакат 1293 нафар ҷавонони вилоят, аз ҷумла 445 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуданд, ки ин барои бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти расмӣ, шмораи аҳолии вилоят давоми 33 соли истиқлол аз 172 ҳазор то ба 234 ҳазор нафар расида, 36,2 фоиз зиёд шудааст. Дарозумрии аҳолии вилоят дар ин давра аз 69,6 соли соли 1991 то 79 сол дар соли 2022 расида, яъне 9,4 сол баланд гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 14, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод