Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест ва Намоишгоҳи Бохтар Фуд-2024» доир мешавад

Октябрь 11, 2024 10:05

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест ва Намоишгоҳи Бохтар Фуд-2024» баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форум ва намоишгоҳ аз ҷониби Агентии содирот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, муаррифии имконияти сармоягузорӣ ва содиротии Тоҷикистон, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони ширкатҳои бузург ба имконияти сармоягузории вилояти Хатлон ва тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида гузаронида мешаванд.

Иштирокчиён ва меҳмонон дар доираи Намоишгоҳи Бохтар Фуд-2024 бо маҳсулоти саноатию кишоварзӣ шинос мешаванд.

Дар доираи Форум инчунин ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии содирот якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд гузаронида шуд, ҷоизаҳои озмун супорида мешаванд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 11, 2024 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад