Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад

Октябрь 3, 2024 19:45

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бо иқтидори 14 мегаватт бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вобаста ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Чарсем», воқеъ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» ва ширкати мушовирии «Gruner Stucky»-и Швейтсария шартнома ба имзо расонида шуд.

Неругоҳи барқи обии «Чарсем» аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои минбаъд ба шабакаҳои асосии «Помир Энерҷӣ» пайваст намудани шабакаи то ҳоло ҷудогонаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 3, 2024 19:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд