Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ сохтмони хонаҳо барои зарардидагони офати табиӣ ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 11.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони хонаҳои барқароршаванда дар мавзеи нав барои зарардидагони офати табиӣ дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ бо суръат идома дошта, дар назар аст, ки то 15 октябр ба анҷом расад. 16 октябр ба сокинон калиди хонаҳои навбунёд супорида мешавад.
Тавре сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, сохтмони 7 хонаи пурра зарардида ва 8 хонаи қисман зарардида идома дорад. Дар 11 хона бому болопӯш ва дар 3 хона бардоштани девор пурра анҷом ёфта, рангубори 1 хона идома дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Искодар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 15 хонаи 4- ҳуҷрагӣ аз рӯи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зарардидаи №12 пурра барқарор шуда, аз 1 сентябри соли 2024 ба фаъолият шуруъ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки 13 июли соли равон бар асари фаромадани сел дар деҳаи Искодар чандин хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.
Бо дастури махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми деҳаи Искодар, ки бар асари офати табиӣ сахт зарар диданд, дар мавзеи дашти Искодар 2,8 гектар замин барои бунёди 15 хонаи истиқоматӣ ҷудо гардид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






