Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Пешгирии ҳамроҳшавиии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ» бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҷаласа доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, аз худ намудани илму донишҳои муосир, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирӣ аз ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, риояи талабот ва одоби шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар гардид.
Дар анҷоми ҷаласа бо назардошти пайомад ва хатару таҳдидҳои фаъолияти ташкилоти террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ дар баробари мақомоти дахлдор, инчунин аз тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандон даъват шуд, ки тамоми дониш ва неруи худро барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб истифода баранд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






