Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҷаласа кормандони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ даъват шуданд, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиву хизматӣ масъулияти баланд зоҳир намуда, чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд. Ҳамзамон бо ҳамкориву ҳамгироии муштарак дар таъмини амнияти давлату миллат, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Дар ҷаласа масъулини Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вобаста ба ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ изҳор доштанд, ки мақомати давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монанд. Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб гузаронидани чорабиниҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Зимни баррасии масъалаҳо дар самти ҷамъомадҳои мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии захираҳои сафарбарӣ ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар таъмин ва омӯзиши ҳаматарафаи захираҳо муҳиму зарурӣ арзёбӣ гардид.
Иштирокчиёни ҷамъомад вазифадор гардиданд, ки ҷамъомаду чорабиниҳои нақшавиро дар сатҳи баланд гузаронанд.
АКС: Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






