Дар Душанбе доир ба рушди инноватсионии илм конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи рушди инноватсионии илм конференсияи 3-юми байналмилалии илмӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, конференсия ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) бахшида шуд.
Зимни конфронс олимону муҳаққиқон аз Амрико, Фаронса, Италия, Олмон, Эрон, Туркманистон, Покистон, Русия, Казоқистон ва Узбекистон иброз намуданд, ки бе рушди инноватсия ва технологияҳои муосир расидан ба ҳадафҳои илмӣ ғайримкон аст.
Ёдоварӣ шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққии соҳаи маориф ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-ро барои солҳои 2020-2040 эълон намудаанд.
Қабул ва амалӣ намудани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани донишу неруи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкории байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.
Дар конференсия олимон доир ба самтҳои илмҳои технологияҳои нав, тиб, дорусозӣ, иқтисодиёт ва технологияҳои компютерӣ маъруза намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






