Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад

Октябрь 31, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли равон, соати 09:00 дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар форум иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамъ 400 нафар дар назар аст.

Дар форум мавзуъҳои зерин, аз ҷумла «Рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва танзими ҳуқуқии он: адлияи рақамӣ ва ҳамоҳангии байниидоравӣ», «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии терроризм ва экстремизм: дастовард, мушкилот ва дурнамо» ва дигар мавзуъҳо баррасӣ карда мешаванд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 31, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид