Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд

Октябрь 11, 2024 09:21

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни машваратҳои сиёсӣ атрофи масъалаҳои вобаста ба тамосҳои сиёсӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ байни  вазоратҳои корҳои хориҷии ду мамлакат, татбиқи имконияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор доир шуд.

Инчунин ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи афкор карданд. Саҳми машваратҳои сиёсӣ дар густариши ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баланд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагиашонро ба таҳкими бештари муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 11, 2024 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд