Дар Хуҷанд машварати дуюми дуҷонибаи котиботи Шурои амнияти Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид

Октябрь 4, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар шаҳри Хуҷанд дуюмин машварати дуҷонибаи котиботи Шурои амнияти Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни машварат доир ба хатарҳои ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир таҳдидкунанда табодули афкор доир шуд.

Ҳамзамон дар нишаст маълумот дар бораи татбиқи Протоколи аввалини машваратҳои дуҷониба низ ба назар гирифта шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ котибони шуроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон Насрулло Маҳмудзода ва Виктор Маҳмудов протокол ба имзо расониданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 4, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд