Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанди шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 ба муносибати ворид гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ дар соли 2024 таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни ифтитоҳи намоиш доир ба таърихи омӯзиш ва рушду ташаккули ҳунарҳои қадимии миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сухан гуфта шуд.
Зимни намоиши ҷумҳуриявӣ ҳайати меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимии миллии ниёгон аз наздик шинос шуданд.
Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Истиқлол, Ашт, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғаффоров, Деваштич, Мастчоҳ ва Хуҷанд, ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Зиёда аз 25 навъи ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошта аз ҷониби ҳунармандон ба шакли амалӣ ё зинда иҷро гардид, ки ин омил диққати меҳмонону тамошобинонро бештар ҷалб намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






