Дар Москва ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Октябрь 8, 2024 08:50

ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазирони корҳои хориҷӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд.

«Ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд тавассути тавсеаи тиҷорати мутақобил, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба рушди мутаносиби иқтисодии давлатҳои иштирокдор мусоидат намояд», — таъкид намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазир ҷонибдори таҳияи бодиққат ва касбии Нақшаи марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030) татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2030 буда, изҳори умедворӣ кард, ки ин «харитаи роҳ» ба мустаҳкам шудани мавқеи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти давлатҳои иштирокдор мусоидат менамояд.

Дар заминаи масъалаҳои амниятӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҷонибдории Тоҷикистон вобаста ба андешидани тадбирҳои пешгирикунанда дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сухан намуд. Сироҷиддин Муҳриддин давлатҳои Иттиҳодро даъват намуд, ки дар Конфронси навбатии байналмилалӣ, ки аввали моҳи ноябр аз ҷониби Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳукумати Кувайт дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Аз натиҷаи ҷаласа вазирон Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳа байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2026 оид ба татбиқи Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавононро тасдиқ намуда, тасмим гирифтанд, ки чаҳор ташкилоти нави заминавӣ дар соҳаҳои фаъолияти адвокатӣ, воситаҳои ахбори омма ва инкишофи ҳаракати ихтиёркорон таъсис дода шаванд.

Ҳамзамон якчанд изҳороти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ ва байналмилалӣ қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2024 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд