Дар нуҳ моҳ зиёда аз 7 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал 10 ҳазору 178 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 9 ҳазору 88 дастур дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар медиҳад, нисбат ба 9 ҳазору 64 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, 75 фоизи маблағи ҷаримашуда ба суратҳисоби махсус ворид гардид.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 849 мавод ба мақомоти прокуратура ва 724 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар ин давра 7301 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ё 72 фоиз дар маҳал бартараф карда шуд.
АКС:АМИТ «Ховар»








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






