Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши ҳарбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки сарбозон ва ҷавонони фаъол таҳти унвони «Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар ҳифзи марзу буми мамлакат арзёбӣ гардид.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст.
Таъкид гардид, ки шароити сарбозону афсарон аз лиҳози моддиву маънавӣ ва дастрасӣ ба техникаҳои муосир беҳтар гардида, аз ҷавонони ватандӯст танҳо зиракиву ҳушёрӣ, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасоти давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани хоки муқаддаси ин сарзамин талаб карда мешавад.
Хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари адои хизмати Ватан бо нишон додани ҳисси баланди худшиносӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва савганди ҳарбӣ ба Пешвои миллат ва халқу Ватан содиқу сазовор монда, минбаъд низ барои ҳифзи якпорчагии мамлакат, таъмини амният, ҳифзи сулҳу субот ва ҳимояи марзи Тоҷикистон кӯшиш менамоянд.
Дар фарҷом ба ҷавононе, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шудаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба сарбозоне, ки хизмати Ватанро софдилонаву содиқона иҷро менамоянд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулистон нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро намуд. Дар даъвати тирамоҳӣ 30 наваскар даврҳои омӯзишии ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба итмом расонида, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






