Дар шаҳри Истаравшан Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, хусусан ба баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки ин нишони сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат мебошад. Чунин иброз шуд дар чорабинии бошукуҳ, ки дар шаҳри Истаравшан ба муносибати Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ омӯзгорон рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Истаравшан чун созандагони ҷомеаи навин нақши бориз мегузоранд.
Дар ҳамоиш 8 нафар омӯзгор бо Нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, 17 нафар бо Сипосномаи Раиси шаҳри Истаравшан, ҳамчунин бо Сипосномаи сардори раёсати маорифи шаҳр ва Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва беш аз 40 нафар собиқадорони соҳаи маориф барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат, навҷӯйӣ, эҷодкорӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






