Дар Суғд конференсияи 16-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд конференсияи 16-уми ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар афзун гардидани дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар вилоят ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ дар мамлакат саҳми аъзои ҳизб назаррас аст. Зеро аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда ва пешбар суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмуъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамоянд.
Дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву бунёдкор назаррас мебошад. Дар муддати 30 сол ба туфайли саъю талошҳои созандаи аъзои ҳизб таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва демократӣ гузошта шуда, барои ба сафи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба майдони сиёсат омад ва тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун неруи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 185 ҳазор аъзоро дар 1672 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ намудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






