Дар Тоҷикистон дар 170 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад

Октябрь 6, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша кишоварзони мамлакат дар 170 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ мегузаронанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии  Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Кишти тирамоҳӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.

«Яке аз роҳҳои муфиди ба даст овардани ҳосили хуб дар вақти кишти тирамоҳӣ -гузаронидани корҳои шудгор, мола, нарм намудани замин ва ворид намудани нуриҳои маъданию органикӣ мебошад»,-чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ  Ҳикматулло Назиров

Ҳикматулло Назиров мегӯяд, дар замине, ки кишти зироати тирамоҳӣ гузаронида мешавад, бояд донист, ки кишти пешина чӣ буд. Инро ба назар гирифта, баъд мо интихоб мекунем, ки кадом зироат баъди кишти ғалладона, юнучқа ё ҷуворимакка бояд бо интихоби навъҳои зироати кишоварзӣ ба роҳ монда шавад. Камҳосилӣ ва хуб нашъу намо наёфтани зироати кишоварзӣ дар бисёр ҳолатҳо- ин риоя нагардидани муҳлати кишти зироат ба ҳисоб меравад. Муҳлати кишти майдонҳое, ки барои кишти зироати кишоварзӣ омода шудааст, вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо бояд ҳатман риоя шавад.

Дар давраи тирамоҳ кишоварзони мамлакат кишти картошкаро низ мегузаронанд. Кишти тирамоҳии картошка ба хотири ҳосили барвақтӣ гирифтан аз он гузаронида мешавад. Ин кор дар ноҳияҳои вилояти Хатлон аз нимаи дуюми моҳи ноябр то 10-15 моҳи декабр идома меёбад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин маърака метавонад дар ҳамин вақт ва ё моҳи феврал гузаронида шавад. Ин амал дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ тавсия дода намешавад.

Ба маълумоти Ҳикматулло Назиров, кишти барвақтии пиёз моҳҳои август-сентябр гузаронида шуда, кишти ояндаи он метавонад моҳи феврал ба анҷом расад. Мо метавонем, ки дигар зироати кишоварзӣ, масалан кишти карам, баъдтар кишти сабзиро низ ба роҳ монем ва барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ин кор хеле таъсири муфид мерасонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд