Дар Тоҷикистон сабти таваллуд ва фавт пурра ба системаи электронӣ мегузарад

Октябрь 26, 2024 16:14

 ДУШАНБЕ, 26.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сабти таваллуд ва фавт пурра ба системаи электронӣ мегузарад. Зеро сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки ба беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст. Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти рӯйдодҳоро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки афзалияти асосии система дақиқӣ ва фаврияти маълумот ба шумор меравад. Яъне, система сабти саривақтӣ ва дақиқи рӯйдодҳоро таъмин намуда, ба тағйироти вазъияти демографӣ сари вақт посух медиҳад. Инчунин он  дар беҳтар намудани банақшагирӣ ва пешгӯӣ мусоидат мекунад. Бо ин роҳ маълумоти воқеии таваллуд ва фавт имконият медиҳад, ки захираҳо беҳтар нақшагирӣ шаванд ва эҳтиёҷ ба хизматрасонии тиббӣ пешгӯӣ гардад.

Ба андешаи масъулин, автоматиконии ҷараёни сабт кори дастиро кам намуда, эҳтимоли хатоиҳоро коҳиш медиҳад.

Ҳамчунин афзалияти дигари система дар нигоҳдории маълумот ва махфияти он низ ном бурда мешавад. Система ба таври қатъӣ меъёрҳои амнияти иттилоотиро риоя мекунад, ки ин кафолати муҳофизати маълумоти шахсиро таъмин менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид