Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ намоиши ҷашнии муштараки Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ 8 намунаи гуногуни китобҳои нодири дастнавис, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, оини сарварӣ, давлатсолорӣ ва сиёсатмадорӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамзамон нусхаи сертификатҳои аслие, ки ворид шудани унсурҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик, аз ҷумла «Шашмақом», «Саразм», «Наврӯз», «Оши палав», «Чакан», «Фалак», «Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ», «Латифаҳои Хоҷа Насриддин», «Атлас ва адрасбофӣ», «Куллиёти Мавлоно» ва «Санъати тазҳиб»-ро ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон













РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Ню-Йорк нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид






