Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бо ҳайати Бонки осиёии рушд вохӯрӣ баргузор шуд

Октябрь 10, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо ҳайати Бонки осиёии рушд, ки дар Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо  масъалаҳои кумакҳои техникии «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим», «Дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ ва шаффофият дар Тоҷикистон» ва «Ноил шудан ба ҳадафҳои тағйирёбии иқлим тавассути ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи сафари ҳайати Бонки осиёии рушд барои кормандони вазорату идораҳои дахлдор машваратҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои мавриди назар баргузор карда мешаванд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 10, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем