Дар Женева чорабинии канории Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 57-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар ҳошияи иҷлосияи 57-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқ барои рушд» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои аъзои Шурои ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода таъкид намуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии инсон ва маърифатнокии онҳо чораҳои амалӣ қабул гардидаанд.
Аз ҷумла, Шараф Шерализода доир ба қабули «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025», Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, доир ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, ки ба рушди ҳуқуқи инсон ва алалхусус ҳуқуқ барои рушд равона шудаанд, маълумот пешниҳод намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






