«ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 8 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Душанбе – пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикору иқдоми судманди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе ба макони дилфиреб, назаррабо ва шаҳри дар ҳама самтҳо пешрафта табдил гардид.
Шаҳри Душанбе ҳоло на фақат ба сифати пойтахти маъмурии давлати озоди Тоҷикистон, балки чун хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон ва макони меҳварии ваҳдати халқи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Бунёди роҳҳо, бинову иншооти муҳташам, корхонаҳои бузурги саноатӣ, марказҳои фарҳангиву тафреҳӣ ва тиҷоратӣ, боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти маъмуриву хизматрасонӣ нишони иқдоми созандаи Роҳбари ҷавони шаҳр буда, раванди ташаккули тамаддуни миллатро дар худ инъикос мекунанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки замони асосии рушду пешрафт ва ба шаҳри ободу мутараққӣ табдил ёфтани Душанбе маҳз ба солҳои соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, хусусан аз замони ба мақоми роҳбарӣ таъйин гардидани Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат вориди марҳилаи нави рушду пешрафт шуда, симояшро комилан дигар намуд.
Душанбеи имрӯза ифодагари симои аслии давлату миллати куҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосса дорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид






