Гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон бо сокинони Рашт оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мулоқот намуд
РАШТ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати ноҳияи Рашт доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои миллӣ, устувор намудани ҷомеа ва муносибати эҳтиромона нисбат ба қонунҳо арзёбӣ гардид.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Рашт баён дошт, ки «раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон танҳо масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ набуда, барои амалӣ кардани он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа, мутахассисони гуногуни ҳуқуқдон ва дилсӯз, зиёиёну равшанфикрон бояд ҷалб шаванд, то маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро дар байни ҷомеа ба таври дурусту муносиб ва густурда фаҳмонанд. Зеро сараввал бояд мардум ба ин мафҳумҳо сарфаҳм раванд ва баъдан амал намоянд».
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо арзишҳои муҳим дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дониста мешаванд.
Зимни мулоқот изҳор гардид, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд.
Дар анҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки сокинони ноҳия Рашт сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба ҷонибдор мебошанд. Барои тарбияи дурусти фарзандон ва дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо кӯшиш карда, дар созандагию бунёдкории Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд






