ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Наваскарони шаҳри Ҳисор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд

Октябрь 2, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 250 наваскар аз шаҳри Ҳисор барои хизмат ба Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Бо ин мақсад дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гусели наваскарон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Қабл аз оғози ҳамоиши тантанавӣ шумораи зиёди ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан раҳсипор шуданд, инчунин донишҷӯёни литсею коллеҷҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр дар кӯчаҳои марказии шаҳри Ҳисор роҳпаймоӣ карда, барои хизмат ба Ватан-Модар изҳори садоқат ва омодагӣ намуданд.

Иброз гардид, ки ҳамоиши тантанавӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Ҳисор бо иштироки наваскарон, ки сафашон бештар гардидааст, баргузор мегардад.

Таъкид гардид, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони мушкилтарин ва муҳлати кӯтоҳ таъсис дода шуд. Давоми ин солҳо он аз имтиҳону озмоишҳои басе сангину вазнин гузашта, устувор гардид ва ҳоло дар таъмини амнияту оромии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад.

Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки миллату давлат, марзу бум, инчунин волидайну наздиконаш барояш азиз мебошанд, қарзи муқаддас ва мояи шарафу ифтихор аст.

Дар фазои тантанавӣ ба 210 нафар ихтиёриёне, ки бо дастгирии молиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор давраи кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 2, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд