«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»-ро ташкил намуд, ки ҳадафи он арҷгузорӣ ба таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯхтани амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои нек ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди шакли нави давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳиди Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ мебошад.
Дар мавриди ҳадаф, шакл ва меъёрҳои баргузории озмун хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суҳбат намуд.
— Дар мавриди идеяи баргузории озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ва ангезаи асосии ташкили он каме маълумот медодед.
— Идеяи баргузории озмун дар робита ба аҳамияти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии фаъолияти Пешвои миллат дар тарбия ва таълими насли наврас, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар руҳияи ҳамон сифатҳое, ки барои бунёдкорони ҷомеаи навини тоҷик зарур мебошанд, ба миён омад. Ангезаи муҳими баргузории озмун ин буд, ки осори гаронмояи Пешвои миллат фарогири сатҳи баланди омӯзиш, эҳтиром ба арзишҳо, суннатҳо ва адабу русуми миллӣ мебошад.
Муаллифи ин асарҳои мондагор дар таъмини сулҳу субот дар мамлакат, бунёд ва рушди давлатдории нави миллӣ саҳми бебаҳо гузошта, асосгузори давлати соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллӣ, пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар як кори Пешвои миллат барои шаҳрвандони мамлакат раҳнамое аст, ки дар асоси он ҳисси худогоҳӣ, муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон пайдо мешавад.
— Дар баробари оммавӣ гардонидани мутолиаи асарҳои Пешвои миллат ҳадафҳои дигари озмун кадомҳоянд?
— Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда шуд.
-Барои арзёбии дониши иштирокчиён аз кадом меъёрҳо истифода намудед?
-Комиссияи озмун сатҳи дониши сиёсӣ ва фарҳангии довталабонро бар асоси меъёрҳои зерин арзёбӣ мекунад:
— ба ҳар довталаб 10 дақиқа вақт дода мешавад, то дар бораи ҳаёт ва фаъолият, мактаби идоракунии давлатӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва китобҳои Пешвои миллат, инчунин тамоми осори таърихӣ маълумот пешниҳод намояд;
— барои арзёбии дониши довталабон ҷадвали 10-баллӣ муқаррар карда шудааст. Барои огоҳӣ аз зиндагӣ ва кор, шоистагиҳову хизматҳои пурарзиши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба довталаб 10 хол, барои посухи хеле хуб 8 хол, барои ҷавоби хуб — то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна боло – 4 ва барои баҳои миёна — 3 хол дода шуда, посухи ғайриқаноатбахш аз ҳар гуна хол маҳрум мешавад.
Дониши азхудкардаи иштирокчиёни озмун аз рӯи ҳаҷми аз худ намудани мундариҷаи осори Пешвои миллат муайян карда мешавад. Аз ҷумла:
— донистани ҷузъиёти осори Пешвои миллат;
-маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат;
— қобилияти нақл ва тафсири ҳодисаҳои давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— муаррифии порчаҳои муҳим аз осор, асоснок кардани дастовардҳо, корнамоӣ ва фаъолияти созандаи Пешвои миллат;
— донистани санадҳои муҳими ҳуқуқӣ дар бораи мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани мероси таърихӣ, фарҳангӣ, моддӣ ва маънавии халқи тоҷик;
— донистани сарчашмаҳои таърихӣ, осори илмӣ ва бадеии дар осори Пешвои миллат истифодашуда;
— маҳорати суханварӣ, сухангӯӣ ва тарзи баён.
Шартҳои ташкил ва гузаронидани озмун аз ҷониби Комиссияи озмун назорат карда мешаванд. Дар раванди арзёбӣ ба сифати дониши довталабон ба муаррифии пурмазмуни осори Пешвои миллат ва рӯйдодҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот доранд, афзалият дода мешавад.
Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.
Дар даври дуюм иштироккунанда тарҷумаи ҳоли мухтасари худро дар шакли хаттӣ бо имзо ва нусхаи протоколи даври аввал (ин ҳуҷҷатҳо дар ду нусха ба даври дуюм пешниҳод карда мешаванд) ба Комиссияи озмун пешниҳод мекунад.
Котиби масъули даври якуми озмун аз тарафи кафедраи мактабҳои миёна ва олии касбӣ таъйин карда мешавад ва ӯ ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 5.5-и ин низомнома тартиб дода, дар асоси санад ба Комиссияи озмун пешниҳод менамояд. Котибони озмун бояд иштирокчиёнро дар бораи вақт ва ҷои баргузории Озмун огоҳ созанд.
Ғолибони даври дуюми Озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро гирифтаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро ба муҳлати то се соли оянда надоранд.
— Озмун дар даври аввал ва дуюм дар кадом шакл доир шуд?
— Озмун аз ду давр иборат буд, ки моҳи май оғоз шуда, моҳи октябр ба анҷом расид. Даври якум- моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир шуд, даври дуюм – дар ҳафтаи чоруми моҳи сентябр ва ҳафтаи аввали моҳи октябр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври аввал дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Протоколи ҷамъбасти натиҷаҳои даври якум тибқи муқаррароти Низомномаи озмун бо тасдиқи ректорони (директорони) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва бо имзои раисони ҳакамони даври аввал ба Комиссияи озмун пешниҳод карда шуд.
Шумораи ғолибони даври аввал, ки ба даври дуюм пешбарӣ шудаанд, аз се нафар зиёд набуд ва талаботи озмун низ ҳамин буд. Ва боз ҳам мувофиқи низомнома, иштирокчиён аз номи муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил мекунанд, сарфи назар аз ҷои таваллуд ва макони истиқоматашон баромад карданд.
Ҷараёни даври аввал тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет ва хадамоти телевизиону радиои маҳаллӣ, даври дуюм тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин дигар воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва намоиш дода шуд.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ғолибони даври аввал ба Комиссияи озмун барои иштирок дар даври дуюм то 10 июни соли 2024 муқаррар шуда буд.
Дар даври дуюми озмун ғолибони даври якум ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи аввал дар байни хонандагони мактабҳои миёна ва гурӯҳи дуюм дар байни донишҷӯёни макотиби олӣ.
Масъулияти баргузории маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун ба дӯши Китобхонаи миллӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
—Бартарияти озмун барои иштироккунандагон чиро дар бар мегирифт?
— Тавассути иштирок довталаб метавонад худро нишон диҳад, истеъдоди худро ошкор созад, ниёзҳои маънавӣ барои пешрафт ва худсозиро бароварда созад, ба натиҷаҳои болоӣ дар таҳсил даст ёбад, тавоноиҳои худро арзёбӣ кунад, эътимоди эҷодӣ пайдо кунад ва таҷрибаи иштирок дар озмунҳоро ба даст орад. Ин малакаҳо барои рушди минбаъдаи касбӣ хеле муҳим ҳастанд.
Бартарият: Ғолибони даври дуюм (се ҷойи аввал) пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, дарёфти унвони магистрӣ ва таҳсилоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол бе имтиҳон бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии касбии баъдидипломии ҷумҳурӣ ройгон дохил мешаванд. Тартиби кабулро Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
—Барои инъикоси озмун дар ВАО ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа кадом корҳо анҷом дода шуданд ва боз чӣ нақшаҳо доред?
— Ҷараёни даври аввал тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет ва телевизиону радиои маҳаллӣ, даври дуюм тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, аз ҷумла Телевизиони “Тоҷикистон”, «Душанбе», Телевизиони «Баҳористон», Радиои «Фарҳанг», Радиои «Садои Душанбе», Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар», инчунин дигар воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ёфт.
Ғолибони даври дуюми озмун дар барномаҳои телевизион ва радио намоиш дода шуда, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои илмию сиёсӣ ва гурӯҳҳои таблиғотиро пайдо мекунанд.
— Озмун чӣ гуна ба рушди арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ дар байни ҷавонон кумак мекунад?
— Яке аз ҳадафҳои муҳими озмун- арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими ҳисси худогоҳӣ ва худшиносӣ, ифтихори миллӣ, таҳкими қобилияти соҳибкорӣ ва сарварӣ, бахусус дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мебошад.
Ҳадафи озмун таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳушёрии сиёсӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ва эҳтирому шукронаи комил аз истиқлолияти сиёсӣ ва ба ин васила ҷалби ҷавонон ба омӯзиши эҷодиёти ғании Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми арзандаи ин шахсияти маъруфи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаашон ва ташаббусҳои дорои эътирофи байналмилалияшон мебошад. Табиист, ки бо омӯзиши ин асарҳо сифатҳои муҳими шахсии Пешвои миллат ба хонандагон, яъне ба насли наврас, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбӣ мерасанд.
— Ғолибон чӣ тавр муайян шуда, маросими тақдими ҷоиза чӣ гуна баргузор мешавад?
— Ҷойи аввал ба он иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90%-и осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва аз худ кардааст.
— Пас аз анҷоми озмун китобхона бо иштирокчиёну ғолибон иртиботи худро давом медиҳад?
— Аксари иштирокчиёни озмун аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе- истифодабарандагони фаъоли Китобхонаи миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мо итминон дорем, ки пас аз анҷоми озмун онҳо на танҳо фаъолона ба Китобхонаи миллӣ меоянд, балки дар муҳимтарин ҳамоишу нишастҳо ва суҳбату чорабиниҳои дигари ин боргоҳи маърифату фарҳанг иштирок мекунанд. Дар мавриди иштирокчиён аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бояд гуфт, ки мо барои ба роҳ мондани робитаи фаъол, пеш аз ҳама, барои даъвати онҳо ба чорабиниҳои муҳимтарини Китобхонаи миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии онҳо аз ҳисоби абонементи байникитобхонавӣ ва расонидани захираҳои электронӣ мусоидат хоҳем кард. Дар китобхона махзани электронии иштирокчиён, ғолибон, ҳакамон ва кумитаи ташкилии озмун, роҳбарон ва масъулини мактабҳои миёна ва олии ҷумҳурӣ, ки ба кори озмун ҷалб шудаанд, таъсис дода шудааст.
— Рушди минбаъдаи озмунро дар чӣ мебинед?
— Ният дорем, ки дар оянда на танҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, балки байни хизматчиёни давлатӣ низ озмун гузаронем. Ба низомномаи озмун, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба тавсеаи доираи иштироккунандагони он, меъёрҳои арзёбии дониши довталабон ва ғайра тағйирот ворид карда мешавад.
—Оё озмун ҳар сол баргузор карда мешавад?
— Бале, дар оянда ин озмун ҳамасола баргузор мегардад, ки бешубҳа, таваҷҷуҳ ба он бештар мешавад ва шумораи иштирокчиёни он на танҳо аз ҳисоби донишҷӯёну хизматчиёни давлатӣ, балки дигар бахшҳои ҷомеа низ меафзояд.
— Назари шумо дар мавриди таъсири ин озмун ба раванди таълим дар мактабҳои олӣ?
— Бешубҳа, таъсири ин озмун ба раванди таълим дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ хеле калон аст. Зеро дар осори Пешвои миллат маводи зиёди аз ҷиҳати илмӣ арзишманд, аз ҷумла маводи нав оид ба масъалаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик, забон, адабиёт, анъана ва расму оинҳои миллӣ, оид ба давраҳои алоҳидаи таърихи пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни тоҷик, инчунин таҳлилҳои амиқу равшан ва асосноки илмӣ ба назар мерасанд. Хонанда зимни омӯзиши ин асарҳо на танҳо дар бораи таъриху фарҳанги халқи тоҷик, забону анъана ва расму оинҳои он, балки дар бораи муваффақияте, ки дар замони истиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, далелҳои раднашаванда ва аз ҷиҳати илмӣ собитшударо дарёфт карда метавонад.
Ёдовар мешавем, ки 28 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ҷамъбаст ва қадрдонӣ намудани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандаи осори Пешвои миллат» баргузор гардид.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»