Имрӯз Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Иди Меҳргон Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор шуда, шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона бо Дипломи дараҷаи 1 ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзон навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷро пешниҳод намуданд. Инчунин дастовардҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба зироати шолӣ манзури тамошобинон ва меҳмонон гардонида шуд.
Дар баробари пешниҳоди оши палов таомҳои дигари аз биринҷ омодашуда низ пешниҳоди тамошобинон гардиданд.
Тибқи иттилои коршиносон, дар ҷаҳон баъд аз гандум биринҷ муҳимтарин зироат маҳсуб мешавад. Махсусан барои Тоҷикистон рушди соҳаи шолипарварӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро лаззати таоми миллии мо — оши палав, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст, бемисл аст.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Оши палов»- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таомҳои бисёр болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шуҳрати ҷаҳонии давлати мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзунтар гардид.
Оши палов хӯроки анъанавӣ буда, дар байни халқамон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама, «шоҳи таомҳо» меноманд.
Маъмулан барои пухтани оши палов сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак истифода мешавад. Инчунин мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лимӯ ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд.
Давоми асрҳо дар байни мардуми тоҷик навъҳои гуногуни оши палов маъмул мебошанд. Ба мисли палови баргитокӣ, палови софӣ, оши кенҷа, оши девзира, оши заъфаронӣ, қимапалов, оши дампухт, оши кӯҳнадам, оши биҳигин, оши як ба як, оши ҳафтравған, иликпалов, халтапалов, сурхпалов, ки дар маҷмуъ беш аз 200 намудро ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 20 октябр Рӯзи байналмилалии ошпазҳо ва мутахассисони ошпаз мебошад. Аввалин маротиба соли 2004 Ассотсиатсияи байналмилалии ҷамъияти ошпазон, ки 8 миллион намояндагони ин касбро аз мамлакатҳои мухталифи олам муттаҳид менамояд, ин идро эълон намуд. Ҳоло Рӯзи байналмилалии ошпазҳо дар зиёда аз 100 мамлакати ҷаҳон гузаронида мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст






