ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ АРТРИТ. Ба ин беморӣ бештар нафарони фарбеҳ гирифтор мешаванд

Октябрь 12, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Рӯзи ҷаҳонии артрит муқаррар шудааст. Ин рӯз аз соли 1996 бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.

Артрит беморие аст, ки метавонад ба буғумҳо зарари харобиовар расонад. Ба ин беморӣ нафароне, ки вазни зиёд доранд ва ғизои нодуруст истеъмол мекунанд, бештар гирифтор мешаванд.

Ба маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, артрит бештар дар буғумҳои дасту пой ва миён авҷ мегирад. Он намудҳои гуногун дорад. Тақрибан нисфи аҳолии кураи Замин ба ин ё он намуди бемории артрит, аз ҷумла артритҳои аутоиммунӣ гирифтор ҳастанд. Аз ин шумора танҳо 50 фоиз ташхиси дуруст мегиранд. Навъи маъмултарини артритҳои аутоиммунӣ артрити ревматоидӣ мебошад, ки аз он нафарони 60-сола бештар шикоят менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон артрити тарбодмонанд ва реактивӣ зиёд мушоҳида мешавад. Артриди тарбодмонанд бемории бофтаҳои пайвандӣ аст, ки бо осеббинии буғумҳои хурд пайдо мешавад. Дар натиҷаи ин беморӣ каҷшавии буғумҳо ба назар мерасад. Артрити тарбодмонанд чанд марҳилаи табобат дорад. Имрӯзҳо бештари беморон ҳангоми дарди буғумҳо аз малҳам ва доруҳое, ки аз тариқи телевизион намоиш дода мешаванд ва ё дар дорухона тавсия медиҳанд, истифода мебаранд.

Ҳангоми илтиҳоби буғум ҳатман бояд ба табиб муроҷиат кард.

Нишонаҳои асосии бемори артрит- ин дарди пайвастаи буғумҳо мебошад. Ба тавсияи мутахассисон, истеъмоли хӯрокҳои зидди илтиҳобӣ ва канорагирӣ аз баъзе хӯрокҳое, ки ба артрит зарар доранд, дардро сабук мекунад. Масалан, равғани зайтун ва пиёз ғизое ҳастанд, ки дарди артритро таскин медиҳанд. Инчунин истифодаи малҳамҳои зидди артрит ва пайваста ба варзиш машғул шудан яке аз роҳҳои зуд халос шудан аз ин беморӣ аст.

Тибқи таҳлилҳои олимони соҳаи тиб, пурхӯрӣ ва зиёд гардидани вазн дар оянда инсонро ба яке аз навъҳои бемории артрит гирифтор мекунад. Аз ин рӯ, ҳар инсон бояд реҷаи муайяни истеъмоли хӯрок дошта бошад ва кӯшиш намояд, ки хӯрокҳои аз донагӣ ва сабзавот омодагардидаро зиёд истеъмол намояд.

Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои асосии дур кардани бемории артрит барои ҳар инсон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Октябрь 12, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст
Пиёзро кай ва чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Кадом маҳсулоти хӯрокаро беш аз як сол метавон захира кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Қаланфури тундро бештар барои иштиҳо истеъмол менамоянд
Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг. Чӣ боис мешавад, ки чангу ғубор ба амал меояд?
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст