ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Нақши ин мақомот дар ташаккули волоияти қонун дар ҷомеа муҳим аст

Октябрь 26, 2024 11:14

ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баланд бардоштани сатҳи касбияту дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо ва ҷорӣ намудани татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ самти асосии фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ мебошад. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуриддин Асрорзода дар Рӯзи кормандони мақомоти судӣ, ки ҳамасола 26 октябр таҷлил мегардад. 

Қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар ҷумҳурӣ замина гузошт 

  Бо ишора ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ва кормандони ин сохтор дар рушди волоияти қонун Зуҳуриддин Асрорзода афзуд, ки қабули  Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар ҷумҳури замина  гузошта, хокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Дар ин замина бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

 Қабул ва татбиқи 4 барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи хокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилот, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардидааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд. Ҳадафи қабули ин  барнома идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад. Яке аз ислоҳоте, ки дар ин барнома ба роҳ монда  шуд, омӯзиши масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Ҳадафи он боз ҳам тақвият додани кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва дастрасӣ ба адолати судӣ аст.

Нақши боризи ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон 

  Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилот, муассиса ва корхонаҳо ва тартиботи ҳуқуқию қонунияту адолат бориз мебошад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошанд, нақши ҳокимияти судӣ бисёр бузург аст».

Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба рукнҳои мустақил: қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян намуд.

Бо эълон намудани истиқлоли давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуд. Соли 1994 бо қабули Конститутсияи давлати соҳибихтиёр ин принсип дар сатҳи конститутсионӣ тақвият дода шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия мақомоти судӣ низ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.

Ҳокимияти судӣ-татбиқкунандаи кафолатҳои Конститутсия 

Аз қабули Конститутсия то имрӯз барои таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, таҳкими нақшу мавқеи суд, такмили фаъолияти он ва баланд бардоштани нуфузи ин рукни ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа дастгириву талошҳои Сарвари мамлакатамон беназир мебошад, мегӯяд корманди масъули Суди Олии иқтисодии мамлакат. Самараи тадбирҷӯиҳои давлату Ҳукумат аст, ки имрӯз ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатии дорои механизми дар амал татбиқ гардидани кафолатҳои Конститутсия мебошад.

Масоили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ асоси бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳсуб шуда, суди мустақилу беғараз дар он нақши асосӣ дорад. Тоҷикистон, ки шакли давлати ҳуқуқбунёдро пеша кардааст, дар Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуда, таъмини ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тарафи давлат тавассути ҳокимияти судӣ дар Конститутсия кафолат дода шудааст.

Мақоми волои суд дар ҷомеа-дастоварди даврони истиқлол

Масъулияти барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронгардидаи шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва уҳдадории таъмини волоияти қонун дар сатҳи Қонуни олии давлат ба зиммаи ҳокимияти судӣ гузошта шуда, чунин мақоми волои суд дар ҷомеа дастоварди даврони истиқлол мебошад. Ин ҳолат дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд».

Қабули Конститутсия-заминаи ислоҳоти судӣ 

Қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар ҷумҳурӣ асос гузошта, соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд. Бори аввал дар низоми судии мамлакат судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфта, арбитраж ба суди иқтисодӣ табдил дода шуд.

Бо Қарори Маҷлиси Олӣ судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд, шумораи умумии судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 нафар ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 нафар муқаррар карда шуд.

Қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ такмил ёфт 

 Зуҳуриддин Асрорзода таъкид намуд, ки дар натиҷаи ислоҳоти бавуҷудомада зарурати такмили минбаъдаи қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ дар соли 1995 ба миён омад. Он ба қабули ду санади меъёрии ҳуқуқӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Ин санадҳо мустақилии судҳои иқтисодиро дар низоми ҳокимияти судӣ ифода намуда, бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судӣ аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошта шуд. Ҳамин аст, ки фаъолияти судҳои иқтисодӣ ҳамчун низоми алоҳидаи ҳокимияти судии ҷумҳурӣ барои баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигари иқтисодӣ алоқаманд равона гардид.

Қабули Қонуни конститутсионӣ дар бораи судҳо ба  ташаккули  ҳокимияти судӣ замина гузошт

Ба андешаи мусоҳиби мо, қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2001 давраи муҳими ташаккули  ҳокимияти судӣ, аз ҷумла низоми судҳои иқтисодӣ мебошад. Зеро  ин қонуни конститутсионӣ бархе аз қонунҳои конститутсиониро беэътибор дониста, тамоми масъалаҳои танзимнамудаи онҳоро ба низоми қонунгузорӣ муттаҳид намуд, ки он ба аз байн бурдани духӯрагии қонунгузорӣ ва такроршавии меъёрҳо мусоидат кард.

Муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол баробар карда шуд

Дар асоси тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2003 муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол баробар карда шуд. Сарвари давлат нақши мақомоти судӣ дар самти тақвияти қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар даврони истиқлоли давлатӣ ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати хоса зоҳир гардид. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дар ҳама соҳаҳо санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул гардида, мунтазам фаъолияти
мақомоти давлатӣ таҳкиму рушд меёбад.

Бо таъсиси Хадамоти иҷро таъмини иҷрои санадҳои судӣ беҳтар гардид

То имрӯз чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (2007-2010, 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021) тасдиқ гардида, дар ин раванд судҳо аз тобеияти мақомоти иҷроия бароварда шуда, дар мақомоти судӣ сохторҳои нав таъсис дода шуданд. Масъалаи иҷрои санадҳои судӣ ба ихтиёри мақомоти иҷроия вогузор гардида, Хадамоти иҷро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо таъсиси ин сохтори мустақил солҳои охир таъмини иҷрои санадҳои судӣ беҳтар гардидааст.  Инчунин қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти судҳо мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар таҳрири нав, ба монанди як қатор кодексҳои мурофиавӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ҳадафашон таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҷомеа ва таъмини рушди низоми қонунгузории мамлакат мебошад.

Қабули Кодекс оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ  ба мурофиаи судии иқтисодӣ тағйирот ворид намуд

Дар ҷараёни ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ қабул гардида, соли 2008 мавриди амал қарор гирифт. Кодекси нав ба мурофиаи судии иқтисодӣ тағйироти куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмини мустақилияти иштирокчиёни мурофиа ва ба таври мубоҳисавӣ гузаштани мурофиаи суди иқтисодӣ, васеъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини кафолати истифодаи самараноки ин ҳуқуқу уҳдадориҳо, баланд бардоштани нақши судҳо дар мавриди ба амал баровардани адолати судӣ ва таъмини бемайлони мустақилияти судяҳоро пешбинӣ намуд. Инчунин марҳилаҳои судҳои иқтисодиро чунин муайян намуд: баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум, дар марҳилаи апеллатсионӣ, кассатсионӣ ва назоратӣ.

Салоҳияти суди марҳилаи кассатсионӣ васеъ гардид 

Вобаста ба муҳлат ва тартиби баррасии парвандаҳо ва аз байн бурдани баррасии такрории онҳо аз судҳои иқтисодӣ марҳилаи аппелатсионӣ хориҷ гардида, салоҳияти суди марҳилаи кассатсионӣ васеъ гардид. Бобати тақвияти фаъолияти амалигардонии адолати судӣ дар назди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои илмӣ-машваратӣ ҳамчун мақоми дастҷамъонаи илмӣ ва амалӣ аз ҳисоби судяҳои таҷрибадор ва олимони соҳаи ҳуқуқ таъсис ёфта, он дар коркарди санадҳои дахлдори соҳаи фаъолияти ҳокимияти судӣ нақши муассир дорад. Бо мақсади нашри маълумот дар бораи ҷабҳаҳои ҳаёти судҳои иқтисодӣ, қонунгузории дохилии давлатӣ, таҷрибаи судҳои иқтисодӣ, санадҳои судии марҳилаҳои Суди Олии иқтисодӣ, инчунин мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ нашрияи «Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор мегардад.

Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаҳои интернетӣ фаъол аст 

  Зуҳуриддин Асрорзода мегӯяд, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ фаъол буда, барои сари вақт дастрасӣ доштани шахсони иштироккунандаи парванда маълумот доир ба ҳаракати парвандаҳо дар сомонаи судҳои иқтисодӣ, тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ, огоҳонидани шахсони иштироккунандаи парванда оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда, баррасии муроҷиатҳо тариқи почтаи электронӣ ҷойгир ва амалӣ карда мешавад. Дар сомонаи суд (www soi.tj) почтаи электронии судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ҷойгир карда шудааст, ки шахсони иштирокчии парванда метавонанд бо судя кор баранд.

Сохтори судҳои иқтисодӣ такмил ёфт 

  Бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз соли 2020 сохтори судҳои иқтисодӣ такмил ёфта, шумораи воҳидҳои корӣ  112 воҳид муқаррар гардид. Бо мақсади ба танзим даровардани сохтори дастгоҳ, шумораи воҳидҳои корӣ ва таъмини самаранокии ташкили фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти мамлакат аз 20 марти соли 2024 сохтори дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ аз нав тасдиқ гардида, шумораи воҳидҳои кории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 130 воҳид муқаррар гардид, ки ба сари вақту босифат анҷом додани фаъолияти баамалбарории адолати судӣ мусоидат менамояд, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Баландбардории дараҷаи тахассусии судяҳо

Дурнамои рушди фаъолияти судҳои иқтисодӣ идома дошта, дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ масъалаи ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ мансуб донистани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳар моҳ дар машғулияти омӯзишии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ камбудию мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ муҳокима гардида, диққати судяҳо ба риояи дақиқи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва риояи муҳлати баррасии парвандаҳо ҷалб карда шуда, инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбиву дараҷаи тахассусӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Парвандаҳои иқтисодӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ низ баррасӣ мешаванд 

Инчунин парвандаҳои иқтисодӣ аз ҷониби судяҳои судҳои иқтисодӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ  карда мешаванд. Аз таҳлили фаъолияти судҳои иқтисодӣ бармеояд, ки беш аз пеш муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ зиёд гардида, сифати баррасии парвандаҳо низ беҳтар шудааст. Судяҳои судҳои иқтисодӣ дар татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» саҳми назаррас гузошта, бо мақсади баланд бардошти маърифати ҳуқуқии
шаҳрвандон саъй менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд