ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст

Октябрь 14, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 14.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон муқаррар шудааст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки сарчашмаи ташкили ҷойҳои нави кор, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолии мамлакат ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ мебошад, бобати муқаррар намудани имтиёзҳо барои соҳибкорон тамоми чораҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, масъалаҳои соҳибкорӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳамасола дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, таҳлилу баррасӣ карда мешаванд. Дар зер тафсилоти бештари ин мавзуъ пешниҳод мегардад.

-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушду инкишофи он, ҷорӣ намудани сабукиву имтиёзҳо ба соҳибкорон ва ҳавасмандгардониву дастгирии онҳо Ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро масъулу вазифадор менамоянд. Чунончи, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2005 иброз доштанд, ки «афзоиши даромади буҷети давлатӣ набояд бо роҳи зиёд кардани гаронии андоз ба иқтисодиёт, балки аз ҳисоби вусъат додани заминаи андозбандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёна, маҳдуд намудани доираи фаъолияти иқтисоди пинҳонӣ, беҳтар ба роҳ мондани баҳисобгирии андозсупорандагон ва объектҳои андозбандӣ анҷом дода шавад». Дар баробари ин, дар Паём Президенти ҷумҳурӣ оид ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи соҳибкорӣ иброз намуданд, ки «бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт, зиёд намудани ҷойи кор ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ноил шудан ғайриимкон аст».

Паёми Президенти Тоҷикистон 15 апрели соли 2009 дар шароите пешниҳод гардид, ки саросари ҷаҳонро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифта буд. Президенти ҷумҳурӣ ба хотири нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, доир ба вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ, роҳҳои то ҳадди имкон кам кардани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ изҳори андеша намуданд. Ва дар чунин вазъияти баамаломада Ҳукумати ҷумҳурӣ муваззаф гардид, ки масъалаи аз нав дида баромадани захираҳои моддиву молиявиро бо мақсади ба соҳаҳои афзалиятнок равона сохтани онҳо баррасӣ намуда, оид ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

Ҳамзамон ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки оид ба кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 то ба 18 фоиз, андоз аз фоида аз 25 то ба 15 фоиз ва бартараф намудани дигар монеаҳо доир ба андозбандӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ 20 апрели соли 2011 оид ба идома додани ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳарчи сода кардани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ишора гардид ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки то шашмоҳаи дуюми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба муҳокимаи он доираи ҳарчи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва дигар андозсупорандагонро ҷалб намояд. Президенти ҷумҳурӣ мужда доданд, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо назардошти ҷалб намудани техника ва технологияи муосир ва тадриҷан афзун намудани истеҳсоли маҳсулот дар дохили мамлакат барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкороне, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, дар муддати се соли аввал мораторий эълон карда мешавад. Инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ»-ро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Ҳамин буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» 3 июли соли 2012 қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Афзун бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» 28 декабри соли 2012 қабул гардид. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 бори дигар ба бахши соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд. Инчунин ҷиҳати ба шароити муосири танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, аз қабили кам намудани шумораи мақомоти назоративу санҷишҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф шуд, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.

Барои иҷро намудани талаботи ин паём қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» 26 июли соли 2014 ва «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» 25 декабри соли 2015 дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 20 апрели соли 2012 бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагон ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ пешниҳод намуданд, ки «дар лоиҳаи Кодекси андоз номгӯйи андозҳо то 50 фоиз кам карда шуда, аз ҷумла, андоз аз фурӯши чакана пурра ихтисор ва воридоти тамоми номгӯи таҷҳизоти технологии ҳозиразамон аз ҳамаи намудҳои андоз ва пардохти гумрукӣ озод карда шавад».

Ғайр аз ин, Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки «барои такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути сода ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ шумораи эъломияҳо аз рӯйи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 40 фоиз, ҳисобҳои андозӣ то 60 фоиз, инчунин миқдори ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ то 30 фоиз кам карда шавад».

Дар ин замина, Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки таҳия ва такмили лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти дастуру супоришҳои дар ҳамин Паём гуфташуда ва пешниҳоду мулоҳизоти аз ҷониби соҳибкорону шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ воридгардида ба анҷом расонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 оид ба дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имтиёзҳои андозӣ чунин иброз намуданд: «Дар Кодекси андоз барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ зиёда аз 240 имтиёз пешбинӣ гардидааст… Баъзе муқаррароти Кодекси андоз ҳоло ҳам таҳлили ҳаматарафаро талаб менамоянд ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бобати омӯзиш ва такмили онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар асоси дастуру супоришҳо ва талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011 ва 20 апрели соли 2012 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябри соли 2012 қабул гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 майи соли 2019 дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории ҷумҳурӣ аз меъёру муқаррарот ва тағйиру иловаҳои ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, кам кардани сарбории андоз ва ба танзим даровардани санҷишҳои андоз сухан намуда, масъалаи дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошта, минҷумла таъкид намуда буданд: «Гарчанде муқаррароти Кодекси андози аз 1 январи соли 2013 амалкунанда содатар, ҳаҷми умумии матни он ва меъёрҳои аз як модда ба моддаи дигар ва ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳаволакунанда ҳаддалимкон кам шудаанд, вале ҳанӯз дар он муқаррароти душворфаҳму духӯра мавҷуданд, ки боиси ба вуҷуд омадани баҳсҳо байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мегардад… Бинобар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар солҳои охир, зарурати ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва татбиқи консепсияи иқтисодиёти рақамӣ соли 2020 Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия ва татбиқ намояд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 низ бори дигар бобати дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, иброз доштанд, ки «ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва ба роҳ мондани чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад. Ба Ҳукумат ва парламенти ҷумҳурӣ зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 дар хусуси сари вақт таҳия ва ба баррасии мақомоти қонунбарор пешниҳод нагардидани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, ба роҳбарияти вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазоратҳои дахлдор муроҷиат намуда, таъкид намуданд, ки ин корро бояд сари вақт иҷро кунанд. Ин навбат Президенти ҷумҳурӣ ба Вазорати молия супориши қатъӣ ва муҳлат доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо назардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи марти соли 2021 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.

Дар натиҷа, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар муҳлати муқаррарнамудаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд. Маҷлиси намояндагон онро баррасӣ ва қабул намуд. Кодекси андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи ҷумҳурӣ 23 декабри соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.

Бояд хотирнишон сохт, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 4 маротиба- солҳои 1998, 2004, 2012 ва 2021 қабул ва дар таҳрири нав қабул карда шудааст. Тавре аз таҳлили анҷомдода маълум гардид, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба дар таҳрири нав маҳз дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 низ ба масъалаи соҳибкорӣ эътибори ҷиддӣ дода, Ҳукумати мамлакатро вобаста ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии навбатии соҳибкорон муваззаф намуданд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат вазифадор аст барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешад».

Ҳамчунин Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, ин муносибатҳо дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.

Вобаста ба ин масъала лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида, мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Яъне, дар заминаи лоиҳаи қонун қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (аз 17 майи соли 2004) ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (аз 2 августи соли 2011) муттаҳид гардида, минбаъд муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар доираи як санади қонунгузорӣ танзим карда мешаванд. Ҳамин тавр, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро баррасӣ ва қабул намуд. Қонун тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи ҷумҳурӣ 22 июни соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, 1 сентябри соли 2023 мавриди амал қарор дода шуд.

Қонун аз 6 боб ва 47 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолият ва ё амалҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми иҷозатдиҳӣ танзим карда мешаванд, муқаррар намуда, ба таъмини риояи стандартҳо, шартҳои иҷозатдиҳӣ ва талаботу шартҳои тахассусӣ, инчунин ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат равона гардидааст.

Ҳамчунин дар заминаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба якчанд санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки дар маҷмуъ ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд.

Хулоса, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи соҳибкорӣ диққати махсус медиҳанд. Пешвои миллат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, дигар мақомоту идораҳои марбута барои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, рушду инкишофи соҳаи соҳибкорӣ, таъмини фаъолияти озоди соҳибкорон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон ва бархурдор намудани онҳо аз имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ пайваста дастуру супоришҳои мақсаднок медиҳанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ
ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

Октябрь 14, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид