Кишоварзони ноҳияи Файзобод 47 486 тонна картошка ва 13 428 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намуданд

Октябрь 1, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёдонагӣ, ки самараи кишти такрорӣ аст, бомаром идома дорад. То 1 августи соли 2024,  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия зиёда аз 50 558 тонна ғалладонагӣ, 47 486 тонна картошка, 13 428 тонна сабзавот ва 32 751 тонна мева истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки иқлими ноҳияи Файзобод  барои кишт ва ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни помидор, картошка, қаламфури булғорӣ ва меваҷот хеле мусоид мебошад.

Деҳқонони ноҳия баҳри иҷрои  дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва самараноку оқилона истифода бурдани  замин  тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, кишоварзони ноҳия бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкории пурсамар намуда, тухмиҳои навъҳои серҳосил ва  нуриҳоро истифода бурда, бар зидди ҳашарот ва бемориҳо муборизаро пурзӯр карда, ҳосили  фаровон ба  даст оварда, имрӯзҳо баҳри  ҷамъоварии беталафи он талош доранд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3941 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар  қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 1, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем