«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмати ройгон расонида шуд

Октябрь 21, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 октябр дар доираи «Корвони саломатӣ» аз ҷониби табибони ҷумҳуриявӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, табибони давоми се рӯз  сокинони ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, шаҳри Левакант ва дигар ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоятро дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар қабул намуда, ба таври ройгон аз ташхис гузарониданд.

Зимни ин чорабинии солимгардонӣ гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо табибони вилоят 2 ҳазору 967 нафар сокинони вилоятро ба таври ройгон ташхису муоина намуданд. Инчунин дар доираи «Корвони саломатӣ» мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Маркази бемориҳои онкологӣ 9 ҷарроҳӣ, аз ҷумла 7 ҷарроҳии калон ва 2 ҷарроҳии хурд анҷом доданд.

Ҳадафи иқдоми «Корвони саломатӣ»-дастрас намудани хизматрасонии тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Он барои ёрӣ расондан ба аҳолӣ бобати ошкор кардани бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйин намудани табобати саривақтӣ равона шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 21, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд