КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ тақсим карда шуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ниёзманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, шакар, биринҷ, равған ва макарон дастрас карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни тақсими кумакҳои Пешвои миллат сокинон ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин ғамхорӣ миннатдорӣ баён намуданд, зеро дар пеш фасли зимистон буда, ин кумак хеле саривақтӣ мебошад. Кумаки навбатӣ ба гурӯҳи осебпазири шаҳри Хоруғ тақсим карда шуд. Миқдори муайяни озуқаворӣ таҳти роҳбарии аъзои комиссияи давлатию вилоятӣ ба ноҳияҳои Роштқалъаву Ишкошим фиристонида шуд.
Намояндагони Ҳукумати мамлакат ҳангоми тақсими кумаки Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста кумакҳои моддиву иҷтимоӣ ва молиявӣ расонида мешаванд. Сокинони ниёзманди вилоят таъкид намуданд, ки мардуми Бадахшон ҷонибдори ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат мебошанд.
Ин иқдомро сокинони вилоят ҷонибдорӣ намуда, онро натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба гурӯҳи ниёзманди аҳолии шаҳру ноҳияҳои дурдаст арзёбӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад






