КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он аз ноҳияи Рӯдакӣ 115 нафар ба муассисаҳои олии Тоҷикистон дохил гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 5 соли охир 115 нафар аз ноҳияи Рӯдакӣ тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии мамлакат дохил шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар панҷ соли охир, яъне аз соли 2020 то соли таҳсили 2024-2025 58 духтар бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд. Ҳоло онҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ муваффақона фаъолият доранд.
Инчунин тариқи квотаи президентӣ 57 нафар писарон низ аз ин ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дохил шуда, соҳиби маълумот ва касбу ҳунар шудаанд.
Танҳо дар соли таҳсили 2024-2025 аз ноҳияи Рӯдакӣ 24 нафар дар донишгоҳҳои олии мамлакат таҳсил доранд.
Бояд иброз намуд, ки яке аз иқдоми шоистае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи президентӣ буд.
Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат квотаи махсус ҷудо шавад. Таъкид шуд, ки ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бояд соҳиб шаванд. Ин ҳам ба тариқи суҳбат (бе имтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Дастур дода шуд, ки нафароне бояд ба тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобкарда дошта бошанд.
Дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ»-ро аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ин қарор ба танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.
Бояд иброз намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ бештар гардида, онҳо имконияти дар тамоми соҳаҳо санҷидани малакаву дониши худро доранд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва татбиқи Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ин тадбирҳо ба беҳтар намудани ҳаёту фаъолияти занону духтарон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо нигаронида шудаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






