Маҳаллаи «Чашмаи Арзанаи»-и шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад
ДУШАНБЕ, 20.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар маҳаллаи «Чашмаи Арзана»-и шаҳри Хуҷанд пойгоҳҳои обкашонӣ таъмир мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Бо ба кор андохтани шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳаллаи «Чашмаи Арзана» 2200 метр қубури асосии обрасон нав гардид. Ба аксар кӯчаҳои маҳаллаи Чашмаи Арзана қубурҳои пластикии қутрашон 160 дм дар масофаи беш аз 440 метр кашида шуданд. Дар умум зиёда аз 10 ҳазор метр қубурҳо хобонида шуданд.
Ҳоло зиёда аз 1060 хоҷагии ин маҳалла ва беш аз 60 корхонаи саноатӣ бо 14 соат оби нӯшокӣ таъмин шудаанд.
Мақсади асосии ин иқдом- барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии маҳаллаи «Чашмаи Арзана» ба оби нӯшокӣ мебошад.
Дар яке аз кӯчаҳои маҳалла 7800 метр қубурҳои обгузар дар ҳар хонадон навсозӣ шуда, ҳисобкунакҳо насб гардиданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






