Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сафари Валентина Матвиенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, далели рушди босуръати маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мебошад. «Мо ин сафарро ҳамчун тасдиқи таваҷҷуҳи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоем,- иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон ва илова кард, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия, ки дар тамоми соҳаҳо бемайлон рушд меёбанд, ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор дошт, ки «Маҷлиси намояндагон бо назардошти аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии мамлакатҳоямон минбаъд низ барои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад».
Робитаҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва вакилони парлумонҳои ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешаванд.
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко таъкид намуд, ки «мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити хуб бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин ҳамкорӣ бештар тақвият ёбад».
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






