МАҚОМИ МУАЛЛИМ. Дар Ҳисор Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид

Октябрь 3, 2024 15:06

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки «омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст». Ин нукта дар ҷамъомади тантанавие, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи омӯзгорон доир гардид, таъкид шуд.Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Иброз шуд, ки миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст.Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидона инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят намудаанд.

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ташаббуси омӯзгорон, аҳолӣ ва дастгирии соҳибкорон сохта, ба истифода додани 139 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. 60 адади он дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ҳамоиши тантанавӣ ба як зумра устодон ва фаъолони соҳа барои рушди соҳаи маориф, тарбияи насли наврас ва мусоидат намудан ба иштироки шогирдон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишони фахрии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва шуъбаи маориф, иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф, инчунин туҳфаҳои молию пулӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр дастовардҳои аҳли маорифи шаҳр ба намоиш гузошта шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрри Ҳисор

 

Октябрь 3, 2024 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд