Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд

Октябрь 23, 2024 08:34

ҲИСОР, 23.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ва Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор нақшаҳои захираи маводи ғизоӣ ва сӯхтро пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Директори Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор Ашуралӣ Бобоев иброз намуд, ки «дар айни замон дар муассиса 242 бемори руҳию маъюб зиндагӣ доранд. Ба онҳо зиёда аз 120 нафар кормандон ба таври шабонарӯзӣ ва мувофиқи басти корӣ хизмат мерасонанд. Ин гурӯҳи ниёзманди аҳолӣ зери назорати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳо 84 тонна ангишт, 50 метри мукааб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаем. Инчунин як генератори барқдиҳанда, 20 гармкунаки барқӣ ва 6 печкаи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассиса бо хати доимии озоди барқ таъмин аст, ки қувваи барқи он хомӯш намешавад. Ҳамарӯза аз ҳисоби чорвои калони хушзоти муассиса 45 литр шир барои бошандагон ворид мегардад».

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасони муассиса барои бошандагон панҷ тонна маҳсулот, аз қабили бодиринги шӯр, шарбати помидор, шакароб, қайлаи помидор ва шарбати мевагиҳо омода шудааст. Бошандагони муассиса мунтазам бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин мебошанд. Соли 2024 аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасон муассиса зиёда аз 75 ҳазор сомонӣ даромад ба даст овард.

Дар анборҳои Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани беморон 6500 кг картошка, 2000 кг пиёз, 10 тонна орд, 700 литр равған, 600 кг биринҷ, 700 кг шакар ва 1650 банка шарбати меваю шакароб ва бодирингу помидор захира шудааст.

Тибқи иттилои масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор, дар мактаб 73 тонна ангишт ва 46 метри мукааб ҳезум захира гардидааст. Дар айни замон синфхонаҳо ва утоқҳои хоби кӯдакон бо гармӣ таъмин мебошанд. Аз маълумоти масъулини ин муассиса бармеояд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои хобу синфхонаҳои бошандагон ду дегхона, 35 гармкунаки барқӣ ва 11 печкаи аловӣ омода мебошанд. Ҳамчунин барои дар фасли зимистон сари вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани кӯдакони эҳтиёҷманд тамоми тадбирҳо андешида шуда, ҳоло дар ин самт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ба шабакаи ягонаи гармидиҳии дохилӣ пайваст буда, имсол бо кумаки шахсони саховатманд пеҷкаҳои ин буғхона пурра таъмир гардиданд. Дар анборҳои муассиса то имрӯз 110 тонна ангишт, 25 метри мукааб ҳезум ва маводи сӯзишворӣ захира карда шудааст. Дар ин ҷо аз ҳисоби боғи назди муассиса 500 банка шарбати меваҳои гуногун, 400 кг меваи хушк ва 1500 кг себ захира карда шудааст.

Мушкилии ин муассиса набудани хати озоди барқ мебошад. Дар одитарин садамаи хатҳои барқ дар дараи Алмосӣ кувваи барқи ин муассиса хомӯш мегардад, ҳол он ки як қисми маъюбони ин муассиса бо аробаи маъюбӣ мегарданд.

Мувофиқи ҳисобҳои пешбинишуда, барои ба ин муассиса гузаронидани хати озоди барқ зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ сарф мегардад. Дар ҳолати пайдо гардидани соҳибкорони саховатманд мушкилии асосии ин муассиса, ки як гурӯҳ бошандагонаш маъюб мебошанд, бартараф мешавад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2024 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ифтитоҳ ёфт
Донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармии тобистон барои ҳифзи саломатӣ муҳим мебошад
Ҷаласаи чоруми Комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ баргузор гардид
Дар мақомоти давлатӣ беш аз 18 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии хизмати давлатӣ Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ таҳия менамояд
Дар истироҳатгоҳи «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» гузаронида мешаванд
То 23 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд
Барои кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо дастгоҳи лаборатории мобилии санҷиш ва таҳқиқи захираҳои об таъмин гардид