Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад

Октябрь 1, 2024 08:37

ХОРУҒ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад. Марказ, ки 40 сол қабл аз ин дар бинои кӯҳнаи сохти финӣ дар шаҳраки Сомониёни шаҳр мавқеъ дошт, бо гузашти айём садамавӣ шуда, фаъолият дар он барои кормандони марказ қариб номумкин гардид.

Сардори Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ Кишвар Наврузшоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «ин бино солҳои пеш аз чӯбу тахта бунёд ёфта буд ва бо мурури замон масолеҳи сохтмониаш пӯсида, фаъолият дар он барои кормандон хатарзо гардид. Имрӯзҳо корҳои бунёдӣ дар бинои нави марказ идома дошта, 10 бинокори маҳаллӣ  аз Ҷамъияти саҳомии «Помирсохтмон» дар ин ҷо фаъолият мекунанд. Умед дорем, ки то охири соли равон  бинои мазкур бо тамоми таҷҳизоти муосири обуҳавошиносӣ дар ихтиёри мо қарор мегирад».

Ҳоло дар  ошёнаи якум хиштчинӣ ба анҷом расида, коргарон дар боми бино ба оҳанбандиву бетонрезӣ машғул мебошанд. Бинои нави Маркази обуҳавосанҷӣ бо дарозии 13 метр ва паҳноии 10 метр сохта мешавад. Аз рӯи лоиҳа дар он 4 утоқи корӣ ҷой дода шуда, барои фаъолияти пурсамари кормандони Маркази обуҳавошиносӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили оҳану хишт аз пойтахти ҷумҳурӣ дастрас гардида, коргарони Корхонаи шакли кушоди «Бунёд» сари вақт сохтмонро бо бетон таъмин мекунанд. Музди меҳнати бинокорон аз рӯи ҳаҷми иҷрои кор сари вақт пардохт мешавад. Мутобиқи нақша, корҳои бунёдӣ дар бинои Маркази обуҳавошиносии вилоят моҳи декабр ба анҷом расида, боз як иморати замонавӣ маркази вилоятро оро медиҳад.

Соҳаи санҷиш ва пешгӯии обу ҳаво  дар замони мо ва бахусус дар шароити манотиқи кӯҳистон, ки иқлим бо суръати баланд тағйир меёбад, хеле муҳим мебошад. Сари вақт кӯчонидани одамон дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли фаромадани селу тарма ва афтидани сангрезаву кӯҳпораҳо маҳз ба маълумоти дақиқу дурусти ин марказ вобаста аст. Ҳамчунин бисёр соҳаҳои иқтисод, бахусус пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз пешгӯии обу ҳаво  вобаста аст.

Баъди ба истифода супоридани ин марказ фаъолияти мутахассисон беҳтар мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 1, 2024 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад