МЕҲРГОНИ МЕҲРОИН, МАРҲАБО! Дар Душанбе ин ҷашни бостонӣ бо Фестивали занбӯрпарварон, «Оши палов» ва Иди себу ангур доир гардид

Октябрь 20, 2024 12:15

ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Меҳргон дар аввали моҳи меҳр- оғози фасли тирамоҳи заррин таҷлил гардида, он яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод мебошад. Гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир намудаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ин матлабро муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни ифтитоҳи Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе баён намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз ҳамчунин Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур, Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ таҷлил гардид.

Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваю сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намудаанд, ки бори дигар сарзамини неъматофарин будани Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории ҷашни ҳосилот тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонон аст.

Тавре дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар масоҳати 861,1 ҳазор гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1506,7 ҳазор тонна, пахта- 103,8 ҳазор тонна, картошка- 937,4 ҳазор тонна, сабзавот- 2669 ҳазор тонна, полезӣ- 1028,3 ҳазор тонна, мева- 614,8 ҳазор тонна, ангур- 196,3 ҳазор тонна ва гӯшт ба 213,6 ҳазор тонна расонида шудааст.

Боғпарварони мамлакат дар ин рӯз навъҳои гуногуни себу ангурро пешниҳод намуданд.

Ба гуфти масъулини кишоварзӣ, то 1 октябри имсол мевагиҳои ҷамъоваришуда 614 820 тоннаро ташкил медиҳанд, ки аз он себ 149 613 тонна ва ангур 196294 тоннаро дар бар мегирад.

Дар доираи баргузории Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал занбӯрпарварон навъҳои табиии асалро бо нархи дастрас пешниҳод намуданд. Дар ҷумҳурӣ имсол 4260 тонна асал истеҳсол карда шудааст.

Дар доираи Иди Меҳргон барои сокинон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар фарҷоми Иди Меҳргон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба кишоварзони фаъоли ҷумҳурӣ барои пешниҳоди маҳсулоти хушсифат ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ аз рӯи номинатсияҳо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД,

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2024 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид