Муҳаммад Боқири Қолибоф: «Тоҷикистон ва Эронро тамаддуни чандинҳазорсола бо ҳам мепайвандад»
ДУШАНБЕ, 10.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддуни чандинҳазорсола ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои мо мебошанд. Чунин изҳори назар намуд Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
«Барои ман мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати ба мо дӯсту бародар ташриф орам», — изҳор намуд Муҳаммад Боқири Қолибоф.
Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамон тавре, ки дар 30 соли гузашта тиҷорати ду давлат беш аз ду баробар афзоиш ёфт, солҳои минбаъда бо суръати аз ин ҳам зиёдтар рушд ёфта, ҳамкории ду давлат густариши бештар меёбад.
«Тавре, ки шумо шоҳид ҳастед, давоми сӣ соли гузашта Сарварони ду давлат, роҳбарони парлумонҳо, ҳайатҳои ду ҷониб ва намояндагони иқтисодии ду мамлакат пайваста мулоқот мекунанд. Байни давлатҳоямон сафарҳои корӣ барқарор мешаванд. Аз ҷумла, ҳамкории тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар мадди назари доимӣ қарор дорад», -афзуд Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф.
АКС: АМИТ «Ховар»








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






