Мубориза бо терроризм вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст

Октябрь 23, 2024 17:23

ХОРУҒ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси Шурои ҳамооҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Прокурори ноҳияи Рӯшон Нозирҷон Иброҳимзода иброз дошт, ки “экстремизму терроризм дар ҳар давру замон ба мардум фақат бадбахтӣ овардаву меорад. Аз ин рӯ мубориза бурдан бо ин зуҳуроти хатарнок танҳо масъулияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ набуда, кори ҳар инсони боидроку дурандеш ба ҳисоб меравад. Мо бояд барои амнияту оромии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои худ дар мубориза бар зидди ин амали зишту номатлуб масъулият эҳсос кунем ва нагузорем, ки фазои орому осудаи давлати моро гурӯҳҳои ифротию иғвоангез халалдор намоянд”.

Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳояшон таъкид медоранд, ки «пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд».

Дар анҷоми Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокинони ноҳия даъват шуданд, ки дар мубориза бо даҳшатафканӣ, таассуби динию ифротгароӣ бетарафӣ ихтиёр накунанд ва барои решакан кардани ин зуҳуроти хатарноки замони муосир бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2024 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд