Намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Чин иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 17 октябр дар шаҳри Ҷинани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии «Мубодилаи технологияи саноатӣ-интеллектуалии кишоварзии Чин-Осиёи Марказӣ» барои ташкили алянси Паймони технологии «Кишоварзии зирак» — и Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳамгироии байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон» маъруза карданд. Иброз шуд, ки мубодилаи технологияи саноатӣ-интеллектуалии кишоварзии Чин ва Осиёи Марказӣ саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро низ дар бар мегирад. Ин муассисаҳо тавассути барномаҳои нави таълимӣ ва таҳқиқотӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафтаи кишоварзӣ, ба мисли автоматикунонии истеҳсолот, истифодаи зеҳни сунъӣ ва зироатпарварии дақиқ нақши калидӣ мебозанд. Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии Чин имконият доранд, ки мутахассисони баландпоя омода ва ба густариши истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.
Ин ҳамкорӣ метавонад тавассути барномаҳои табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва таҳқиқотчиён амалӣ шавад. Он ба интиқоли донишҳои навтарин дар соҳаи зироатпарварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишоварзӣ мусоидат мекунад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






